Меҳриддин Шарифзода муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод таъин гардид

Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори раиси ноҳия Меҳриддин Шарифзода муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод таъин шуд.

Меҳриддин Шарифзода 16 сентябри соли 1984 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси ташкилотчии коргузории гумрук хатм намуда, соли 2017 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба анҷом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 2004–2006 ба ҳайси омӯзгори МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд оғоз кардааст. Солҳои 2006–2007 раиси хоҷагии деҳқонии «Лоҳутӣ»-и ноҳияи Зафаробод, солҳои 2007–2009 мутахассис ва муҳандиси корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бахши ноҳияи Зафаробод фаъолият намудааст.
Солҳои 2009–2014 директори корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии техникии ноҳияи Зафаробод буд. Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст.
Меҳриддин Шарифзода вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия буда, барои фаъолияти пурсамар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд