Ташрифи 300 000 сайёҳ ба вилояти Суғд

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардуми он ҳамасола таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

Тибқи маълумоти расмӣ, давоми чор моҳи аввали соли равон ба вилояти Суғд зиёда аз 300 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ташриф овардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 70 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Мутахассисон афзоиши шумораи сайёҳонро натиҷаи сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Айни замон дар вилоят зиёда аз 100 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 меҳмонхона, беш аз 30 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва дигар иншооти соҳа фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар вилояти Суғд 50 ширкати сайёҳӣ ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ — Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият дошта, 210 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардидааст. Ин хатсайрҳо мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии вилоятро фаро мегиранд.
Бояд таъкид намуд, ки фазои сулҳу субот, амният ва пешрафти босуръати Тоҷикистон боис гардидааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар рӯз аз рӯз бештар шавад.
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва мукаммалсозии инфрасохтор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ дар соҳили Искандаркӯл, Баҳри Тоҷик ва дар соҳили дарёи Сир бунёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ идома дошта, барои қабули бештари меҳмонону ҷаҳонгардон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои нав шумораи сайёҳон дар вилояти Суғд боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд