Ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад.
Дар ҷаҳони муосир, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва маҳдуд гардидани захираҳои табиӣ ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд, об на танҳо манбаи ҳаёт, балки омили муҳими субот, амният ва рушди устувор маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки тавонистааст масъалаи обро ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил диҳад.
Маҳз бо ташаббусҳои Пешвои миллат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанг ва ташаббускор дар соҳаи об шинохта шуда, имрӯз дипломатияи об ба яке аз рукнҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар мубаддал гардидааст.
Дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои глобалиро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва дигар иқдомҳо аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.
Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи обро на танҳо ҳамчун захираи табиӣ, балки ҳамчун воситаи таҳкими ҳамкорӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни давлатҳо арзёбӣ менамояд. Дар шароите ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон мушкилоти вобаста ба об сабаби ихтилофу низоъҳо мегардад, сиёсати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ ва ҳалли муштараки масъалаҳо нигаронда шудааст.
Далели равшани нуфуз ва мавқеи баланди Тоҷикистон дар дипломатияи об баргузории мунтазами конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе мебошад. Пойтахти кишвар дар солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст.
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки 26 май дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд, идомаи мантиқии ҳамин раванд мебошад. Ҳамоиш намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносони соҳаро аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гирди ҳам овард.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва наздик ба чор миллиард аҳолии ҷаҳон ҳамасола ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дигар мушкили алоҳидаи баъзе кишварҳо нест, балки ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат зимни ироаи мавқеи Тоҷикистон зарурати истифодаи технологияҳои сарфакоронаи об, такмили мудирияти захираҳои об, ҳамоҳангсозии сиёсати об, энергетика ва озуқаворӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои фаромарзиро таъкид намуданд. Пешниҳоди таъсиси «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об боз як далели равшани ташаббускорӣ ва масъулияти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз ҳамин гуна пешниҳодҳои созанда Тоҷикистонро дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари масъул, ташаббускор ва ҷонибдори рушди устувор муаррифӣ менамоянд. Имрӯз аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мешиносанд.
Дар баробари ин, конфронсҳои байналмилалии Душанбе барои муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ ва сармоягузории кишвар низ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳар як ҳамоиши сатҳи баланд садҳо меҳмонони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бештар месозад. Ин раванд ба таҳкими имиҷи байналмилалии кишвар, баланд гардидани эътибори сиёсӣ ва густариши робитаҳои дипломатӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз номи Тоҷикистон дар бисёр минбарҳои ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо ташаббусҳои обӣ пайванд дорад. Ин воқеият нишон медиҳад, ки сиёсати дурандешона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшида, кишварро ба яке аз пешсафони дипломатияи об табдил диҳанд.
Бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳои об, аҳамияти чунин ташаббусҳо дар оянда боз ҳам бештар хоҳад шуд. Тоҷикистон минбаъд низ омода аст дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзандаи худро гузорад.
Дипломатияи об, ки имрӯз ба яке аз нишонаҳои хоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст, на танҳо обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад, балки барои таъмини ояндаи амну осуда ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ низ заминаи устувор фароҳам месозад.
Суҳроб Холзода,
сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд




