Ҷамоати деҳоти Ёрӣ нақшаи бунёди иншооти ҷашниро барзиёд иҷро намуд

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар неъмати бузург ва сарнавиштсоз ба шумор меравад.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт қадам гузошт. Дар замони истиқлол тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла деҳоти дурдаст, симои худро куллан дигар намуда, корҳои ободониву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо кард.
Имрӯзҳо сокинони сарбаланди кишвар бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона меҳнат намуда, дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд. Намунаи равшани чунин иқдомҳои созанда дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент баръало эҳсос мегардад.
Бино ба иттилои раиси ҷамоат Абӯрайҳон Абдушаҳидзода Ҷамоати деҳоти Ёрӣ яке аз ҷамоатҳои шаҳри Панҷакент ба ҳисоб рафта, дорои 9 деҳа ва зиёда аз 27 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад. Сокинони меҳнатқарини ҷамоат асосан ба кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва чорводорӣ машғул буда, бо меҳнати ҳалолу софдилона дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии минтақа саҳм мегузоранд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоат бунёду азнавсозии 76 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо дастгирии сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша корҳои ободонӣ вусъати бештар гирифта, то имрӯз 94 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин аз иҷрои барзиёди нақша ва ҳисси баланди ватандӯстии мардум дарак медиҳад.
Иншооти сохташуда самтҳои гуногунро дар бар гирифта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, иншооти варзишиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои созанда симои деҳаҳоро куллан дигаргун намудааст. Имрӯз дар ҳар як деҳаи ҷамоат ободӣ ва пешрафт ба назар мерасад.
Мардуми Ҷамоати деҳоти Ёрӣ хуб дарк намудаанд, ки ободии Ватан аз ободии ҳар хонадон ва ҳар маҳалла оғоз меёбад. Аз ин рӯ, сокинон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Маҳз иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати аҳлонаи мардум боис гардидааст, ки нақшаҳои ободонӣ пеш аз муҳлат иҷро шаванд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ деҳоти кишвар, аз ҷумла деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ёрӣ хеле рушд намудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои созандаи мардум бисёр мушкилот ҳалли худро ёфтаанд. Роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар ва шароити зиндагии мардум хубтар шудааст.
-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки рушду пешрафти давлат аз меҳнати содиқонаи мардум ва ҳисси баланди ватандӯстӣ вобаста мебошад. Ин ҳидоятҳои роҳбари давлат барои сокинони кишвар, аз ҷумла мардуми Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ҳамчун раҳнамо хизмат намуда, онҳоро ба корҳои созандаву бунёдкорона ҳидоят мекунад, - иброз дошт раиси ҷамоат.
Имрӯз сокинони ҷамоат бо рӯҳияи баланди ифтихор аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам ободу зебо намудани маҳалли зисти худ талош менамоянд. Зеро ҳар як сокини бонангу номус хуб медонад, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва идомаи корҳои созандагӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Бо иқдомҳои ватандӯстонаву созанда мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Ёрӣ тасмим доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд