Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ

Имрӯз таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик, нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хизматҳои содиқона ба Ватан мебошад. Ҳамчунин, иқдоми таърихии Пешвои миллат оид ба овардани муште аз хоки оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагор ба Ватан ҳамчун намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти таърихиву сиёсии гиромидошти қаҳрамонони миллат ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон андешаҳои ҷолиб баён кард.
Номбурда иброз дошт, ки омӯзиш ва таблиғи корномаи фарзандони фидоии миллат барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳаммияти бузург дорад.
Ба таъкиди иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ аҳаммияти муҳим дошта, дар пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд