Ҷашнвораи 85-солагии Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ҷашнвораи бошукӯҳ таҳти унвони «Модар яктост, Тоҷикистон яктост!» баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо шоирону нависандагон, олимон, рӯзноманигорон, санъаткорон ва ҳаводорони ашъори шоир аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Меҳмонон нахуст аз зодгоҳи шоир — деҳаи Мазори шарифи деҳоти Лоиқ Шералӣ боздид намуда, дар пояи муҷассамаи устод гулчанбар гузоштанд. 
Дар доираи ҷашнвора конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — маҳзари ман» баргузор гардида, дар он олимону адибон оид ба ҷойгоҳ ва нақши Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик ибрози назар карданд.
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба иштирокчиён аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ қироат гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода низ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки таҷлили ҷашни адибони бузург нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба фарҳангу адабиёти миллӣ мебошад.
Дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ҷумҳурӣ ва ҳазорҳо нафар ҳаводорони ашъори шоир баргузор шуда, сурудҳо бар матни шеърҳои устод иҷро гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 85-солагии шоир куллиёти Лоиқ Шералӣ дар ду ҷилд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нашр ва ба меҳмонон тақдим карда шуд.
Ҷашнвора бо зиёрати оромгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд