17 май дар МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд” даври вилоятии 47-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагӣ суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди маориф, илм ва технология ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳамияти калон дорад. Хонандагон аз рӯйи 13 бахш корҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалии худро муаррифӣ ва дифоъ карданд, ки сатҳи баланди дониш ва шавқи онҳо ба ихтироъкориву навовариро нишон дод.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳакамон натиҷаҳои озмунро эълон намуда, баргузории шаффофу одилонаи онро таъкид карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




