19 майи соли 2026 дар майдони Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва ҷавонон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос, мусоидат ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва густариши ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо корфармоён доир карда шуд.
Дар ярмарка муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, донишҷӯён ва ҷавонони касбу ҳунардӯст иштирок намуданд.
Зимни баргузории ярмарка аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо садҳо ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, ҷавонон вобаста ба интихоби касб, фаъолияти меҳнатӣ ва имкониятҳои шуғл маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои ҷавонони соҳибҳунар ба роҳ монда шуда, диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ярмаркаҳо барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, дастгирии ҷавонон, рушди ҳунаромӯзӣ ва мутобиқ намудани мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат мусоидати муассир менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




