Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Шашмақом санаҳои 10-12 майи соли 2026 дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд Фестивал - озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» баргузор мегардад.
Дар Фестивал – озмуни мазкур ҳунармандони ансамблҳои шашмақомхонон, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат, мусиқашиносони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ (Фаронса, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) ширкат меварзанд.
Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо барои ғолибон 28000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




