Шоҳҷоизаи фестивали «Як матову сад ранг» насиби намояндаи вилояти Суғд гардид

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳунармандону тарроҳон аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирок намуда, маҳсули эҷодии худро ба намоиш гузоштанд.
Аз вилояти Суғд низ як қатор ҳунармандону тарроҳони соҳибзавқ фаъолона ширкат варзида, ҳунару маҳорати хешро муаррифӣ намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳунарманди чирадаст Шаҳноза Аҳмадова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби «Шоҳҷоиза»-и фестивал-озмун гардид. Мавсуф бо эҷодкорию навоварӣ ва пешниҳоди намунаҳои ҷолиби ҳунарӣ тавонист сазовори баҳои баланди ҳайати доварон гардад.
Ин дастоварди арзишманд бозгӯи таваҷҷуҳи хоса ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд