Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” имрӯз ҳамчун яке аз муассисаҳои асосии омода намудани кадрҳои миёнаи тиббӣ дар вилояти Суғд мақоми хос дорад.
Ин муассиса фаъолияти худро дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳми назаррас мегузорад.
Бино ба иттилои Илҳом Раҷабов, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан соли ҷорӣ барои муассисаи таълимӣ соли таърихӣ ба шумор меравад, зеро он 35-солагии фаъолияти худро таҷлил менамояд. Ин сана ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, рамзи ҳамқадами истиқлол будани ин боргоҳи таълимӣ мебошад. Дар тӯли ин солҳо коллеҷ бо давлату ҷомеа ҳамнафас рушд карда, дар шароити навини давлатдорӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон такмил додааст.
Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ» ва «Кори момодоягӣ» мутахассисон омода намуда, дар таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои соҳибтахассус саҳми арзанда дорад. Ҳазорон нафар хатмкунандагони он имрӯз дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ фаъолият карда, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар коллеҷ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз, лабораторияҳо ва пойгоҳҳои амалӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳр имконият медиҳанд, ки донишҷӯён донишҳои назариявиро бо таҷрибаи амалӣ пайваст намоянд.
Заминаи моддию техникии коллеҷ сол ба сол беҳтар гардида, имрӯз дорои даҳҳо синфхона, лаборатория, синфҳои компютерӣ ва лингофонӣ мебошад. Ҳамзамон, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълим ва фароҳам овардани шароити муосир, бунёди бинои нави чорошёна бо 20 синфхона ва лаборатория ба нақша гирифта шудааст, ки он низ ба истиқболи ҷашни Истиқлол равона гардидааст.
Таваҷҷуҳи махсус ба сифати таълим ва таъминоти кадрӣ имкон додааст, ки дар коллеҷ садҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолият намоянд. Қисми зиёди онҳо дорои маълумоти олии тиббӣ ва омӯзгорӣ буда, мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Ин омил ба болоравии сатҳи донишандӯзии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Фаъолияти тарбиявӣ низ яке аз самтҳои муҳими кор ба ҳисоб меравад. Дар коллеҷ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ватандӯстӣ ва варзишӣ баргузор гардида, донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд.
Дар маҷмӯъ, Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан дар давоми 35 соли фаъолият дар тарбияи кадрҳои миёнаи тиббӣ шинохта шуда, имрӯз низ ба фаъолияти худ идома медиҳад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




