Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Моҳвораи ҷавонон бо иштироки доираи васеи ҷавонон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иттилоъ дода, афзуданд, ки чорабинии мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Масъулин зимни баромад нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки насли ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи давлат бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар роҳи ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо фарогирии сурудҳои дилнишин, рақсу бозиҳои шавқовар пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




