Мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат бо аҳолӣ дар Чоркӯҳ

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба зарурати густариши ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар раванди вохӯрӣ инчунин директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, дастгирии ҷавонон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва нақши онҳо дар рушди ҷомеа андешаронӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва пайомадҳои манфии он мавриди таҳлил қарор гирифта, аҳаммияти худогоҳӣ дар муқовимат ба таассубу хурофот таъкид шуд.
Дар анҷом иштирокчиёни ҳамоиш, бахусус ҷавонон, ба омӯзиши амиқи илму дониш, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол даъват гардида, таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар таҳкими амният, субот ва пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд