Таъмини рушди деҳот дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфта, дар ин раванд саҳми сокинон ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нақши калидӣ доранд. Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан низ дар партави ҳамин сиёсати созанда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, махсусан бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар авлавият қарор дорад, ки дар натиҷа ободонии деҳот суръати тоза касб намудааст. Барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои иҷтимоӣ ва иқдомҳои созанда ба он мусоидат карданд, ки деҳоти кишвар, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, симои худро куллан тағйир диҳад.
Бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуд. Тибқи нақша, бунёду навсозии 87 адад иншоот пешбинӣ гардида, бо заҳмати аҳлона ва ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва аҳолӣ нақша барзиёд таъмин шуд. Ин нишондиҳанда аз масъулиятшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии сокинон дарак медиҳад.
Ҳамзамон, иловатан сохтмони 13 адад иншооти дигар дар назар дошта шуда, аз онҳо то имрӯз 6 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин раванд нишон медиҳад, ки корҳои ободонӣ танҳо ба нақша маҳдуд нашуда, бо ташаббусҳои нав пайваста густариш меёбанд.
Бино ба таъкиди раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Ҳумоюн Ашуров яке аз дастовардҳои муҳими ҷамоат бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ мебошад, ки дорои 38 синфхона буда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи онлайн мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассиса барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар баробари ин, саҳми сокинон дар корҳои ободонӣ хеле назаррас аст. Бо ташаббуси аҳолӣ ва тариқи ҳашар, 9 километр роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш гардида, ба истифода дода шуданд.
Ҷамоати деҳоти Чорбоғ имрӯз дорои 22 ҳазору 889 нафар аҳолӣ буда, аз 4 деҳа иборат аст. Ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ ва мардум имкон фароҳам овардааст, ки бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ сари вақт ҳаллу фасл шаванд.
Қобили зикр аст, ки дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, хусусан таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди деҳот, барои амалӣ гардидани чунин корҳои бузург заминаи устувор гузоштааст. Сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ва рушди устувори минтақаҳо равона гардидааст.
Имрӯз сокинони Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо рӯҳияи баланд, эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




