Худшиносии миллӣ омили муҳими муқовимат ба таассуб ва хурофот

Дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳи кории сатҳи ҷумҳуриявӣ бо сокинон дар мавзӯи «Худогоҳию худшиносии миллӣ — василаи пешгирии таассуб ва хурофот» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир шуд.
Мулоқот дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон ва муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар суханронӣ намуданд.
Дар баромадҳо таъкид гардид, ки шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши иттилоот тақозо менамояд, ки ҷомеа, бахусус ҷавонон, дорои сатҳи баланди худшиносию худогоҳӣ бошанд. Зикр шуд, ки маҳз камбуди маърифати дурусти динӣ ва фарҳангӣ метавонад замина барои паҳншавии андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ гардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун ҳамчун вазифаи муҳими ҷомеа арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули шахсияти солим ва пешгирии зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зич миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа метавонад дар муқовимат ба таассуб ва хурофот натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд