Таваҷҷуҳ ба азхудкунии заминҳо ва рушди картошкапарварӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич масъалаи азхудкунии заминҳои нав ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзӣ табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯза, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад, истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин аҳамияти махсус касб мекунад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҷамоат корҳои обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида вусъати тоза гирифтаанд. Айни ҳол барои обёрии зиёда аз 500 гектар замин корҳои амалӣ идома дошта, ин заминҳо аллакай барои кишту кори баҳорӣ омодаанд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки масоҳати заминҳои корам васеъ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, афзоиш ёбад.
Имрӯзҳо деҳқонони ҷамоат бо истифода аз шароити мусоид ва имкониятҳои фароҳамгардида ба кишти картошка машғул буда, талош доранд, ки бо риояи талаботи агротехникӣ ҳосили баланд ба даст оранд. 3 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ҷамоат бо ҷараёни корҳои саҳроӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти кишоварзон баҳои мусбат дод.
Зимни суҳбат бо деҳқонон роҳбари вилоят таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи замин, интихоби дурусти тухмӣ, риояи муҳлати кишт ва ба роҳ мондани обёрии саривақтӣ аз омилҳои калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ мебошанд. Ҳамзамон, барои тақвият бахшидани корҳо ва истифодаи самараноки ҳар порча замин, инчунин саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзон тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Картошкапарварӣ дар ҷамоат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа рушд ёфта, имрӯз ба манбаи муҳими даромади аҳолӣ табдил ёфтааст. Заминҳои нав азхудшуда бо риояи талаботи агротехникӣ кишт гардида, истифодаи тухмии хушсифат ва обёрии дуруст ба баланд шудани ҳосилнокӣ замина мегузорад. Дар баробари ин, кишти дигар зироатҳо низ ба роҳ монда шуда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки азхудкунии чунин заминҳо на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинон низ мусоидат мекунад. Деҳқонон бо эҳсоси масъулият ва дастгирии давлат кӯшиш менамоянд, ки ҳар як ваҷаби замин самаранок истифода шавад.
Дар маҷмӯъ, корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич ҳамчун омили муҳими рушди устувори кишоварзӣ арзёбӣ гардида, барои густариши картошкапарварӣ ва дигар соҳаҳои зироаткорӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Бо чунин талошҳои пайгирона метавон бовар дошт, ки сатҳи таъминоти бозор бо маҳсулоти ватанӣ боло рафта, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.

Абдуманнон Абдусаломзода,
муовини раиси Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич