Таъйиноти кадрӣ дар шаҳри Исфара

Дар шаҳри Исфара таъйиноти кадрӣ сурат гирифта, Олимхон Нозиров сардори раёсати маорифи шаҳр таъин гардид.

Олимхон Нозиров соли 1978 дар Ҷамоати деҳоти Навгилем таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи филиали ДТТ дар шаҳри Исфара ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, ихтисосаш омӯзгори фанни математика мебошад.
Фаъолияти меҳнатии худро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и шаҳри Исфара оғоз намуда, минбаъд дар вазифаи муовини директор фаъолият кардааст. Соли 2023 директори муассисаи мазкур таъин гардида, дар рушди соҳаи маориф саҳми назаррас гузоштааст.
Номбурда ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара буда, дар пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр фаъолона иштирок менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Исфара 89 адад муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 43 ҳазору 527 нафар хонанда таҳсил мекунанд.
Дар шаҳр ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр мунтазам чораҷўӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд