Тағйироти кадрӣ дар раёсати маорифи шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф ба амал омад. Аҳрорзода Акмал Аброр, ки аз 21 июли соли 2023 ба ҳайси муовини сардори раёсати маорифи шаҳр фаъолият менамуд, ба вазифаи сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан таъин гардид.

Аҳрорзода Акмал 30 майи соли 1983 дар деҳаи Маҳаллаи Ясии шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик буда, дорои маълумоти олӣ мебошад. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси муаррих, омӯзгори фанҳои таърих ва ҷомеашиносӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2003 ба ҳайси омӯзгори фанни таърих дар муассисаи таҳсилоти умумии №12-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, дар давраҳои гуногун дар вазифаҳои омӯзгор, котиб-коргузор, муовини директор, мутахассис ва роҳбари муассисаҳои таълимӣ фаъолият кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2021–2023 директори муассисаи таълимии давлатии гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан буд.
Номбурда бо донишу таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи маориф шинохта шуда, соли 2016 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.
Интизор меравад, ки бо роҳбарии нави соҳа фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан боз ҳам беҳтар гардида, сатҳи таълиму тарбия боло меравад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд