Тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова

Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Тавре Шариф Солеҳзода, роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова иттилоъ дод, чорабинӣ бо руҳияи идона, эҳсоси амиқи худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон баргузор шуд.

Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва корҳои созандагӣ, дар ин ҷамъият низ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва фазои ороми кишвар истиқбол гирифта шуд. Ороиши зебои дастурхони наврӯзӣ бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, кулчаҳои идона ва дигар таомҳои суннатӣ, ба чорабинӣ ҳусни хос зам намуд.
Барномаи фарҳангии рангин бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва кормандони ҷамъият баргузор гардида, фазои идонаро боз ҳам гармтару ҷолибтар сохт. Сурудҳои дилнишин, рақсу таронаҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба ҳозирин рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Дар тантана роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ободкориву созандагӣ раҳнамоӣ менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Наврӯз на танҳо ҷашни таърихӣ, балки рамзи оғози корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ ва марҳилаи нави зиндагии осоишта мебошад.
Роҳбарияти шаҳр сокинон ва кормандони ҷамъиятро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа даъват намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои пайваста таманно кард.
Чорабинии наврӯзӣ бо иштироки фаъоли кормандон ва меҳмонон дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид. Наврӯз бори дигар собит сохт, ки ин ҷашни куҳан метавонад мардумро гирди арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид сохта, барои бунёди ояндаи нек заминаи устувор гузорад.