Наврӯз — пайвандгари қалбҳо ва муждаи ободкорӣ

Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат ҳамасола ба қалбҳои мардум фараҳ, ба хонадонҳо нуру сафо ва ба рӯзгори ҳар як сокини кишвар баракату файз меорад. Барои сокинони Ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом низ ин ҷашни муқаддас, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ касб кард, азизу гиромӣ буда, бо эҳтироми амиқ ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои ниёгон таҷлил карда мешавад.

Имсол таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳоти мазкур бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи сокинон гардид, ки дар ин рӯзи фархунда Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба ҷамоати мо ташриф оварда, дар тантанаҳои наврӯзии сокинон иштирок намуданд. Ин боздид барои мардуми мо рӯҳбаландӣ бахшида, нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба рушди деҳот ва дастгирии аҳолӣ мебошад.
Сокинони Фирӯзоба бо заҳмати софдилона ва муҳаббати беандоза ба фарҳанги миллӣ барои истиқболи Наврӯз омодагии ҳамаҷониба диданд. Дар ҳар маҳал хаймаҳои идона ороста шуда, дар онҳо суннатҳои деринаи мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, пухтани суманак, ки рамзи баракат ва фаровонӣ мебошад, бо иштироки занону духтарон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, таомҳои миллӣ, аз қабили оши палав, шириниҳои анъанавӣ ва дигар ғизоҳои маҳаллӣ пешкаш гардиданд.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми чорабинии идона буд. Ҳунармандони мо маҳсули дасти худро, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои миллӣ пешкаш намуда, сатҳи баланди маҳорат ва завқи зебопарастии сокинонро нишон доданд. Ин ҳама далели равшани он аст, ки анъанаҳои миллӣ дар деҳоти мо на танҳо ҳифз, балки рушд дода мешаванд.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз хаймаҳо ва намоишгоҳҳо ба ҳунару маҳорати сокинон баҳои баланд дода, ташаббусҳои созандаро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Ин суханони ҳавасмандкунанда барои мардуми мо неруи тоза бахшида, онҳоро ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ боз ҳам бештар раҳнамун месозад.
Дар доираи чорабинӣ, тибқи анъанаи неки миллӣ, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Ин иқдом нишонаи ғамхорӣ ба насли наврас ва таваҷҷуҳ ба ояндаи миллат мебошад. Зеро маҳз кӯдакон ояндасозони кишвар буда, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи муҳими ҷомеа аст.
Дар суханронии худ Раиси вилоят таъкид намуданд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон дар ташаккули фарҳанги миллӣ нақши бузург дорад. Ин ҷашн мардумро ба дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки фарорасии баҳор оғози корҳои кишоварзӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини ҷамоат бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои таъмини фаровонии рӯзгор ва рушди соҳаи кишоварзиву таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошад. Барои сокинони деҳоти Фирӯзоба, ки аксаран ба кишоварзӣ машғуланд, ин дастурҳо роҳнамои муҳим дар фаъолияти ҳаррӯза ба шумор мераванд.
Сокинони ҷамоат, дар партави сиёсати созандаи давлат ва роҳбарияти вилоят кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки деҳоти худро ободу зебо гардонем. Бо истифода аз фазои сулҳу субот ва имкониятҳои фароҳамшуда, барои рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкории хурду миёна талош менамоем.
Мо итминон дорем, ки бо заҳмати содиқона ва иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонем дар ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Маҳлиё Султанова,
мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом