МОИ” Суғд” ба бозорҳои ҷаҳонӣ раҳ мекушояд

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҷуғрофиёи маҳсулоти содиротии хешро вусъат мебахшад. Дар ҳоли ҳозир маҳсулоти тавлидкардаи корхонаҳои саноатии он ба наздик ба понздаҳ кишвари дунё, аз ҷумла, ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон, Озарбойҷон, Беларус, Олмон, Ироқ, Туркия, Гурҷистон содирот мешаванд.

Дар ин бора ба мо мудири МОИ “Суғд” Муҳаммадҷон Муҳаммадзода хабар дод. Назар ба суханони ӯ аз МОИ “Суғд” ба кишварҳои хориҷӣ асосан профилҳои алюминӣ в плостикӣ, трисиклҳо, меваҳои хушки коркард ва бандубастшуда содирот мешаванд.
- Ин маҳсулот ба стандартҳо ва талаботи эътирофшудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, лиҳозо, дар бозори ҷаҳонӣ бинобар сифати баландашон бо маҳсулоти дар кишварҳо тавлидшаванда рақобатпазир мебошанд, -таъкид дошт Муҳаммадҷон Муҳаммадзода.
- Барои он ки маҳсулоти тавлидмекардаашон дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва сермуштарӣ бошанд, аз маъмурони корхонаҳо хоҳиш мешавад, то таҷҳизот ва технологияҳои навтаринро вориди кишвари мо карда, истеҳсолоти хешро ба роҳ монанд.
Дар ҳоли ҳозир миёни маъмурияти МОИ “ Суғд” ва якчанд сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар бораи таъсиси корхонаҳои нав гуфтушунид идома дорад. Азҷумла, як ширкати иронӣ мехоҳад дар ҳудуди МОИ “Суғд” бо маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ корхонаи коркарди партовҳои маишиеро бунёд созад, ки иқтидори коркарди моҳонаи он аз 100 тоо 200 тонна партов мебошад. Корхонаи мазкур мехоҳад аз ашғол, яъне партовҳо маҳсулоти нафтӣ истеҳсол намояд.
Ҳамчунин бо як ширкати дигари ироқӣ гуфтушунид дар бораи таъсиси корхонаи тавлиди тамоку рафта истодааст, ки маҳсулоти тавлидмекардаи он, асосан, содирот мешаванд.
Бояд таъкид дошт, ки алҳол дар МОИ “Суғд” 46 адад субъект сабти ном гардидаанд, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хидматрасонӣ машғул мебошанд.
Соли сипаригаштаи 2025 ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои МОИ “Суғд” 201, 5 млн.сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пешин 145,5 млн. сомонӣ зиёд аст.
МОИ “Суғд” соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масооҳати 320 гектар таъсис дода шудааст. Дар он барои сармоягузорон ҷиҳати пешбурди пурсамари фаъолияташон шароити мусоиди корию инвеститсионӣ ва як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Тилав РАСУЛЗОДА