
Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ дар сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи калидӣ дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ заминаи асосии пешрафти устувори иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, вилояти Суғд ҳамчун яке аз минтақаҳои пешсафи саноатии кишвар саҳми назаррас гузошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат як силсила тадбирҳои мушаххас ва судмандро роҳандозӣ намудааст. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва густариши иқтидори содиротӣ мебошад.
Натиҷаҳои бадастомада аз самаранокии ин тадбирҳо гувоҳӣ медиҳанд. Давоми 11 моҳи соли 2025 тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 35 миллиарду 644,4 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 128,3 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори соҳа ва фаъол гардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ–ноябри соли 2025 дар вилоят 1988,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардида, суръати афзоиши он 107,7 фоизро ташкил дод. Ин омор нақши муҳими вилояти Суғдро дар соҳаи саноати кишвар боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҳамзамон, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хоми саноатӣ ва афзоиш додани коркарди он дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, сиклҳои пурраи истеҳсолот роҳандозӣ шуданд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловагӣ мусоидат менамоянд.
Ин раванд бо сиёсати умумимиллӣ ҳамоҳанг буда, дар сатҳи ҷумҳурӣ низ дар солҳои 2019–2025 зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 87 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Танҳо дар соли 2025 ба фаъолият оғоз намудани 400 корхонаи истеҳсолӣ нишон медиҳад, ки сиёсати ҷалби сармоя ва рушди саноат натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Бо такя ба таҷрибаи андӯхта ва иқтидори мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор минбаъд низ ҷалби сармояи ватаниву хориҷиро тақвият бахшида, барои таъсиси корхонаҳои нави коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар захираҳои мавҷуда чораҳои иловагӣ меандешанд.
Дар маҷмӯъ, тадбирандешиҳои пайгирона ҷиҳати ташкили корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби сармоя дар вилояти Суғд на танҳо ба рушди иқтисоди минтақа, балки ба татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши содирот, коҳиши вобастагӣ аз воридот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидати воқеӣ менамоянд.
Мурод Умаров, муовини омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд




