Дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд. 

Иштирокчиён оид ба аҳамияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамо ва ҳидоятгар барои рушди устувори ҷумҳурӣ, таҳкими иҷтимоӣ ва идомаи сиёсати созанда хизмат менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи фаъолияти занони меҳнатдӯст, нақши онҳо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисод, ҳамчунин дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон суханрониҳо намуда, имконияти баробарро барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт таъкид карданд.

Иброз гардид, ки зан-модар ҳамчун неруи созанда ва пуштибони оилаи солим низоми иҷтимоии мамлакатро мустаҳкам месозад ва пешрафти ҷомеа ба саҳми занон нигаронида шудааст.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои пешбурди амалии ислоҳот, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, тавсеаи имконияти занон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлат хизмат менамояд.