Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев даргузашт

Бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки пас аз бемории тулонӣ, ситораи шинохтаи футболи тоҷик, устоди варзиши Тоҷикистон, собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе ва сармураббии тими миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Муҳсин Муҳаммадиев яке аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX ба шумор рафта, миёни мухлисон маҳбубияти хос касб намуда буд. Фаъолияти пурсамари ӯ дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе ва саҳмаш дар рушди футболи касбӣ номи ӯро дар таърихи футболи кишвар ҷовидона гардондааст. Номи Муҳсин Муҳаммадиев ҳамчун устураи футболи тоҷик дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд.

Федератсияи футболи вилояти Суғд ба аҳли оила, дӯстону пайвандони марҳум ҳамдардӣ изҳор менамояд.

Федератсияи футболи вилояти Суғд