Таваҷҷуҳ ба рушди футбол ва тарбияи футболбозони ҷавон

Соҳаи варзиш ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ташаккул ёфта, имрӯз ба як низоми мукаммалу устувор табдил гардидааст. Дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид мешавад, ки ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат ба донишу ҷаҳонбинӣ, маърифату касбият ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо вобастагии мустақим дорад. Дар ин раванд рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ба шумор меравад.

Варзиш, бахусус футбол, на танҳо воситаи таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон, балки омили муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад. Маҳз бо ҳамин назардошт, Ҳукумати мамлакат ба рушди инфрасохтори варзишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти ҷавонон ва дастгирии варзишгарони касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат инфрасохтори варзишӣ дар саросари кишвар ба таври назаррас рушд ёфт. Бунёд ва навсозии варзишгоҳҳо, майдончаҳои футбол, толорҳои варзишӣ ва мактабҳои махсуси варзишӣ барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш заминаи мусоид фароҳам овард. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки варзиш ба як ҷузъи муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа табдил ёбад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 3022 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 49 варзишгоҳ ва 2087 майдончаи варзишӣ фаъолият доранд, ки ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди соҳаи варзиш ва дастрасии оммавии ҷавонон ба инфрасохтори варзишӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Футбол ҳамчун варзиши рақами яки ҷаҳон дар Тоҷикистон низ мавқеи хос дорад. Ҳукумати мамлакат рушди футболи миллиро ҳамчун василаи муассири ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими рӯҳияи даставӣ ва дур намудани онҳо аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд. Дар ин замина баргузории мунтазами мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии дастаҳои футболи наврасон ва ҷавонон, инчунин такмили низоми омодасозии кадрҳои соҳавӣ далели сиёсати пайгирона дар ин самт мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид мегардад, ки имрӯз дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Ин андеша ба соҳаи варзиш, бахусус футбол, пурра дахл дорад. Имрӯз ҳазорон ҷавони тоҷик дар майдонҳои футбол бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ ҳунару истеъдоди худро нишон дода, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои гуногун парафшон менамоянд. Ин дастовардҳо самараи таваҷҷуҳи доимии давлат ба рушди неруи инсонӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошанд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз медоранд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва фаъолияти онҳо минбаъд низ чораҷӯйӣ менамояд. Дар соҳаи футбол ин маънои онро дорад, ки тарбияи варзишгарон бояд аз синни хурдсолӣ оғоз гардида, бо истифода аз барномаҳои муосири таълимӣ ва усулҳои пешрафтаи омӯзишӣ амалӣ шавад. Дар ин раванд нақши мактабҳои варзишӣ, академияҳои футбол ва мураббиёни соҳибтаҷриба хеле муҳим мебошад.

Таваҷҷуҳ танҳо ба варзиши мардон маҳдуд намешавад. Рушди футболи занона, ҷалби духтарон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити баробар барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати варзишии кишвар маҳсуб меёбанд.

Дар маҷмӯъ, рушди варзиш, аз ҷумла футболи миллӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа, дастгирӣ ва ҷалби васеи ҷавонон ба варзиш заминаи устувор барои пешрафти минбаъдаи футболи тоҷик фароҳам оварда, ба ободии Ватан ва таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.

 

Фаррух Марофиев,

директори иҷроияи клуби футболи "Хуҷанд"