Дар Хуҷанд нахустнамоиши филми "Паканаи айнакдор" доир шуд

Дар шаҳри Хуҷанд филми нави Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”-“Паканаи айнакдор” ба намоиш гузошта шуд. Ин филм барои кӯдакону наврасон таҳия шуда, аввалин филми миллӣ дар жанри тахаюлии кӯдакона маҳсуб меёбад. Масъулини Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” мегӯянд, ки дар заминаи дастгириҳои давлатӣ бо истифода аз шароити мавҷуда мехоҳанд дар рушди синамои миллӣ саҳм гузоранд. Аз замони фаъолият то имрӯз аз ҷониби ин муассиса филмҳои хубу диданӣ рӯйи навор омада, пешниҳоди дӯстдорони синамо гардида буд.

Филми “Паканаи айнакдор” аз рӯзгори қаҳрамоне бо номи Сиёвуш қисса мекунад. Ба таъкиди дастандаркорони филм дар “Паканаи айнакдор” мавзӯҳои табъиз миёни наврасон, бетарафӣ ва масъулият, накӯкорӣ, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ, дӯстӣ ва рафоқат, якҷо амал кардан, эҳтироми калонсолон баррасӣ шудааст.

Филми ҳунарӣ дар мавзеъҳои зебои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Бӯстон сабт шудааст. Дар филм ҳунармандони маъруф ва шинохтаи кишвар, ба монанди Исфандиёр Ғуломов, Шуҷоат Асадуллозода, Сорои Собир ва дигарон нақш офаридаанд. Нақши қаҳармони асосӣ- Сиёвушро Абдуқодир Норов бозидааст, ки хонандаи синфи 4 мебошад. Муаллифони филм Фарҳод Ғаффорпур, Дилошӯб Орифзода буда, директори филм Аскар Ашӯров ва продюсери кулл Осим Орифпур мебошанд.

Ба таъкиди масъулони МД “Суғдсинамо” филми “Паканаи айнакдор” дар ҳамкорӣ бо мутахссисони ҷумҳурӣ танзим, рангпардозӣ, оҳангсозӣ, садогузорӣ шудааст. Чун ин филм аз нуқтаи назари жанр фентезӣ (тахайюлӣ) аст, он эффектҳои визуалии зиёд дорад. Саҳнаҳои филм аз ҷониби мутахассисони ин соҳа боззосӣ шуданд.