Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид

6 декабри соли равон дар бозори чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳо,  мутахассисони соҳа ва чораводорон иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи чорводорӣ тайи солҳои охир босуръат рушд намуда, саршумор ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Қайд шуд, ки чорводорӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанисозии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши муҳим мебозад.

Дар фестивал аз ҷониби хоҷагиҳои чорвопарвар ва шахсони алоҳида беҳтарин навъҳои чорво ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. 

Дар қисмати ҷамъбастии фестивал барои саҳми арзанда дар рушди чорводорӣ як қатор чорводорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.