
Дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ) дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар он сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон бо имкониятҳои низомии Даста — техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ ва омодагии хизматӣ — шинос шуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ маросим оғоз ёфт.
Генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода аз номи роҳбарияти ВКД ҳайати шахсиро табрик гуфта, нақши босамари ДТММ-ро дар таъмини амният, мубориза бо ҷинояткорони хавфнок ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ кард. Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ироа намуда, саҳми Дастаи таъиноти махсусро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими суботу оромӣ назаррас хонд.
Дар рафти чорабинӣ хотираи кормандони ҳалокшуда бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти РВКД-и вилоят як қатор хизматчиён бо медалҳо, нишону ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар қисмати намоишӣ ҳайати Даста машқҳои тактикӣ - муҳорибаи тан ба тан, безараргардонии ҷинояткорони мусаллаҳ ва озодсозии гаравгонҳоро иҷро карданд.
Маросим бо гузашти низомӣ анҷом ёфт.




