Оғози семинари омӯзишӣ барои масъулони марказҳои матбуотӣ дар Хуҷанд

Имрӯз дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма” оғоз ёфт. 

Дар кори семинар масъулони бахши кор бо ВАО-и шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони ташкилоту идораҳои вилоят иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи семинар муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ширкат варзида, оид ба нақши марказҳои матбуотӣ дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма ибрози андеша намуд.

Семинар бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” доир гардида истодааст. 

Дар ҷараёни семинар мутахассисон ва иштирокчиён доир ба роҳҳои баланд бардоштани савияи касбӣ, усулҳои самараноки ҳамкорӣ бо ВАО ва нақши марказҳои матбуотӣ дар ташаккули фазои иттилоотии солим табодули афкор мекунанд.