
5 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 31-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол санадест, ки дар он муқаддастарин неъмати зиндагӣ - истиқлолу озодии халқи мо ифода ёфта, аз лиҳози ҳуқуқӣ барои таъсис ва пойдории рукнҳои асосии давлатдории навин, ба даст омадани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тамоми дастовардҳои бузуруги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Иброз гардид, ки имрӯз дар асоси риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсия дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва пешрафту тараққиёт таъмин гардида, мардуми саодатманди кишвар таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ устуворона пеш мераванд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи таҳдиди ғояҳои хатарбор ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ аҳли ҷомеа ва махсусан насли ояндасози миллат дар рӯҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва ба ин восита, ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси ватандорӣ тарбия карда шаванд. Зеро пешрафти Ватани маҳбубамон ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар мегардад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода сокинони ноҳияро низ ба таҷлили 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки ин рӯйдоди сарнавиштсоз омили муҳими тамоми пешравию шукуфоии давлат ва таъмини ҳаёти саодатмандонаи мардуми кишварамон гардид.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистони азизи мо дар партави қабули Конститутсия ва амалӣ намудани муқаррароти он, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз се даҳсола раванди бузурги ободонию бунёдкорӣ ва саозандагиро ҳамаҷониба вусъат бахшида, ҳамчун кишвари пешрафту шукуфон ва пешоҳанги ташаббусҳои беназири ҷаҳонӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти обу иқлим шуҳратманд гардид, ки ин барои мардуми кишвар иқболу сардати баланд мебошад.
Дар охир барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.




