
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бахши ҷавонони шаҳри Хуҷанд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони "Ҷавонон – таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр, варзишгарон, ҷавонон ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатиро ба иштирокчиён ироа намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба соҳаи ҷавонон ва варзиш заминаи устувори рушду пешрафти соҳа ва болоравии маънавиёти ҷомеа гардидааст.
Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва пешрафти мамлакат муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол ва варзишгарони вилоят бо сипоснома ва тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.




