Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

“Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм: мавқеъ ва нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ин масъала” - мавзӯи асосии ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки дар Кохи фарҳанги "Суғдиён"- шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. 

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад ва дар ин замина баҳри пурзӯр намудани муқовимат ба ҷинояткорӣ қонунгузории мамлакатро такмил медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистон якчанд санадҳо қабул намуд, ки барои бартараф кардани сабабу омилҳои мухталифи ба терроризм ва экстремизм мусоидаткунанда ва пурзӯр намудани муқовимат ба онҳо нигаронида шудаанд.  

Ба таъкиди аъзои Шӯро яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ бояд маърифати истифодабарии шабакаи интернет дар байни аҳолӣ, хоса хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ баланд бардошта шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари наврасону ҷавононе, ки даст ба ҷиноятҳои мудҳиши террористию экстремистӣ мезананд, на донишу саводи кофӣ доранд ва на ягон касбу ҳунар. Зеро маҳз бесаводӣ ва беҳунарӣ одамро ба торикӣ – ба ҷаҳлу хурофоту ифрот мекашад, иброз гардид дар ҷаласа.  

Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи наврасон ба омӯзиши илм, касбу ҳунар, шуури баланди ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва омодагии ҳар шаҳрванд барои меҳнати содиқона ва софдилона ба хотири ободии рӯзгори худ ва Ватан ягона қудрате аст, ки давлатро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб эмин медорад ва ба рушду пешрафти боз ҳам бештар мерасонад.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъаллаи ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд Истравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов баррасӣ гардид.