МО, ҶАВОНОНИ ВАТАН СОЗАНДАЕМ! - баргузории барномаи фарҳангӣ - фароғатии шоми ҷавонӣ

Бегоҳии 26-уми май дар боғи фархангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ таҳти унвони "Мо, ҷавонони Ватан созандаем!" бо иштироки ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид. 

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ, мудири бахши фарҳанги шаҳр Мунзифа Расулова ва директори мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон Нигора Ғаффорӣ иштирок намуданд.

Баъдан баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон аз тарафи хонандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.