Мусобиқа оид ба футболи хурд байни духтарони наврас ҷамъбаст гардид

Дар доираи таҷлили Рузи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футболи хурд байни духтарони навраси то 13 сола доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур ҳашт даста иштирок намуданд ва духтарони навраси ноҳияи Ашт соҳиби мақомҳои ифтихорӣ - ҷойҳои якум ва сеюм гаштанд. Дастаи ноҳияи Шаҳристон мақоми дуюмро ишғол намуд.

Зимни таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол- санаи 24 май ба дастаҳои ғолиб ва беҳтаринҳо Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода тақдим карда шуд.