25 май — Рӯзи ҷаҳонии футбол

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилоят конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ҷаҳонии футбол – ҷашни ваҳдат ва ҳаракат” баргузор гардид.

Дар конференсия баромадкунандагон аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди футбол ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 2000 майдончаи варзишӣ, даҳҳо дастаҳои футбол ва мактабҳои махсус фаъолият доранд.