Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад. 

Корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Мирзоюнус Ҳасанови ҷамоаи бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайматов Ойбек ва дигар шахсони саховатпешаю сокинони деҳа баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. 

Дарозии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 600 метр ва паҳноии он 5 метр мебошад, ки масоҳати он 3000 метри квадратиро ташкил медиҳад. 

Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳамеша эҳсос менамоянд ва баҳри амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳҳал ва деҳаву кӯчаи худ талош меварзанд.