Дар озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" беш аз 1000 хонанда иштирок намуд

Бо ибтикороти Муассисаи давлатии "Планетерияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ"-и назди Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Муассисаи давлатию фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ баҳри амалинамоии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон, 45 - солагии таъсисёбии Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва "100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам" дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилоят бахшида ба "Рӯзи кайҳоннавардон", аз озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" натиҷагирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт: 

-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи "Кайҳон аз нигоҳи ман" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ; 

-расмкашӣ дар рӯи мумфарш(асфалт) байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ(боғчаҳо) ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ (1-4);

- газетаи деворӣ дар мавзуи "Кайҳон аз нигоҳи ман", "Илми афлок", "Юрий Гагарин"

-моделсозӣ(моделҳои ҳаракаткунанда аз ҷумла: ракетаҳо, самолёт, морсоход, лунаход, тайëра ва ғайраҳо) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳо;

- ихтироъкорӣ (роботтехникӣ, авиомоделӣ, радиотехникӣ, зеҳни зеҳнӣ ва тамоми намуди ихтироъкориву навоварӣ) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмун беш аз ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, беш аз 300 нафар хонандагон ғолиби озмун гардида, соҳиби диплому Ифтихорномаҳо гардиданд. 

Аз рӯйи ишғоли мақомҳои ифтихорӣ шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар бахшҳо озмун бештарин ҷойҳоро сазовор гардиданд. 

Ҳамзамон 40 нафар омӯзгорони хонандагони ғолиб низ қадршиносӣ карда шуданд.