Шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд

13 апрел мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. 

Роҳандозии тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки шаҳри Бӯстон пеш аз муҳлат нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намояд. 

Фаъолияти дастаҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа" низ ба иҷрои саривақтиву босифати нақшаи даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.               

Боиси хушнудист, ки шаҳри Бӯстон тӯли солҳои охир нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда иҷро менамояд.