7 апрели соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз: роҳ ба сӯи рушди устувор” баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияи байналмилалиро хайрамақдам гуфта, оид ба муҳиммияти мавзӯи конференсия, рушди иқтисоди миллӣ, рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Дар конференсияи байналмилалӣ маърузаҳои ҷолиб шунида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар мавзӯи “Рақамикунонӣ ва рушди “Ҳукумати электронӣ” дар Тоҷикистон” - муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Яздонзода Исфандиёр, “Трансформатсияи иқтисодиёти Ӯзбекистони нав тавассути баландбардории сифати таҳсилот” – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Гулямов Саидахрор, “Развитие IT-решений в области строительства” – Аллабердин Азамат, номзади илмҳои техникии Донишгоҳи давлатии нефт ва техникии Уфа (Федератсияи Россия) баромад намуданд.
Конференсияи байналмилалӣ дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, дар он маърузаҳои олимони машҳури кишварҳои Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон шунида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Маърузаҳои пурмуҳтавои олимон оид ба мавзӯи “Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз: роҳ ба сӯи рушди устувор” дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.