«Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа»

1 апрел дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши канории сайёҳӣ-Муколамаи минтақавии давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар мавзуи «Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйийрёбии иқлими Ҷумҳурии Узбекистон Умид Шодиев, директори Департаменти сайёҳии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон Эрденет Касимов ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки дар доираи сиёсати дӯстона ва бародаронаи сарони се давлати дӯст ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳоли рушд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳо, истифода намудани таҷрибаи якдигар, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ фазои мусоид фароҳам меорад.

Дар ҳамоиш байни ширкати сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.