2-юми апрели соли 2025 гуруҳи аввалини ҷавонони даъватии ноҳияи Айнӣ, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд, ки ихтиёран бо амри дилу виҷдон ба хизмати Ватан-модар омода шуданд, ботантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуселонида шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши бошукӯҳи тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони даъватшавандагон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъминоти моддиву техникӣ, қудрати ҳарбӣ ва низоми ҳайати шахсӣ аз солҳои қаблӣ афзалият дорад. Ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ дар таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона хизмат намуда, мактаби мардонагию шуҷоатро меомӯзанд.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар пайваста чораҷӯӣ мекунад. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Артиши миллӣ ва таҳкими тавоноии мудофиавии кишвар ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.
Сипас, маросими нонгазонӣ, ки яке аз суннатҳои неки мардуми тоҷик аст, баргузор гардид. Дар анҷоми ҳамоиш, барномаи фарҳангии рангину хотирмон пешкаши иштирокчиён карда шуд, ки ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшид.
Ин чорабинӣ бори дигар аз он шаҳодат дод, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва омодаанд дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳми арзанда гузоранд.