Дар ноҳияи Шаҳристон ҷавононро ба хизмати Ватан гусел намуданд

Дар ноҳияи Шаҳристон маросими гусели ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон ва сокинон иштирок карда, дар фазои тантанавӣ ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

Дар ҷамъомад таъкид карда , ки ҷавонони ноҳияи Шаҳристон низ бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азизамон, содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Имрӯз ҳар як сокини ноҳияи Шаҳристон бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, ифтихор мекунад.

Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни даватшавандагоне, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста истодаанд, ба даъватшавандагон дуои нек дода шуд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд ва барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.