Дар Истаравшан даъватшавандагонро ба хизмати Ватан гусел намуданд

2 апрели соли равон дар майдони "Нишони давлатӣ" - и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросим роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, даъватшавандагон ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр ширкат варзиданд.

Тавре таъкид карда шуд, имрузҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ шароитҳои зарурӣ барои буду бош, истироҳат ва машқу тамрини сарбозону афсарон муҳайё буда, он рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки имруз ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти диёр масъулият ва қарзи ҷавонмардии худро хуб дарк намуда, ба таври ихтиёрӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон раҳсипор гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки волидайни ин наваскарон фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзи Истиқлолият ва сулҳу субот саҳмгузор гардиданд.

Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазонии модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидаистода баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш ва дастурхони идона ороста шуд.