Оғози Форуми байналмилалии «Наврӯз - иди занони ваҳдатсаро» дар шаҳри Хуҷанд

1 апрел дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз иди занони ваҳдатсаро» Форуми байналмилалии занон оғоз ёфт.

Дар форум намояндагон аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳадафи асосии ин форум фароҳам овардани фазои идона ва таҳкими ваҳдати занон, нақши занон дар ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ, мубодилаи таҷриба дар самти соҳибкории занон мебошад.

Дар назар аст зимни форум масъалаҳои суннатҳои муштараки мардуми Осиёи Марказӣ, нақши ҷашни Наврӯз дар таҳкими равобити дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми занон дар таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодии минтақа баррасӣ гардад.