Бахшида ба ҷашни байналмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия иштирок карданд. Мардон дар чаҳор вазн ва занон дар як вазн қувва озмуданд.
Дар сабқати занон дар вазни 57 кило гуштигири тоҷик Аҳлия Муъминова, ки дар финал ба Ирена Хубуловаи русиягӣ пирӯз шуд, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи мардон паҳлавонони тоҷик дар се вазн ғолиб омаданд. Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни 60 кило, Наврӯзи Каримзод дар вазни 71 кило ва Ҳамроз Раҷабов дар вазни 86 кило ба гирифтани медали тилло ва ҷоизаҳои молӣ мушарраф шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи гуштигирӣ дар Истаравшан:
Вазни 57 кг
1. Аҳлия Муъминова (Тоҷикистон)
2. Ирена Хубулова (Русия)
3. Рӯзигули Ҳасан (Тоҷикистон)
4. Ситора Элмуродова (Узбекистон)
Вазни 60 кг
1. Искандар Маҳмадхоҷазода (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадҷон Салимов (Тоҷикистон)
3. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
4. Ҷӯрахон Амрохонзода (Тоҷикистон)
Вазни 71 кг
1. Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадисо Раҷабов (Тоҷикистон)
3. Дилшод Мисаков (Тоҷикистон)
4. Алӣ Боқиев ( Тоҷикистон)
Вазни 86 кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
2. Сайфиддин Сайфиддинзода (Тоҷикистон)
3. Умед Эсанов (Узбекистон)
4. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
Вазни +86 кг
1. Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
2. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
3. Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
3. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)