16 марти соли 2025 дар хоҷагии деҳқонии «Ислом» - Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ маъракаи кишти пахта расман оғоз гардид.
Имсол дар хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар майдони 3 гектар пахтаи навъи «Дӯстӣ» кишт мешавад. Ба таъкиди мутахассисон ин навъи пунбадона аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ва устуворӣ ба бемориҳо хосияти мусбат дошта, барои шароити иқлимии минтақа мувофиқ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи дурнамо, бо чунин омодагиҳои ҷиддӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам, кишоварзон имсол метавонанд ҳосили фаровон ба даст оварда, саҳми худро дар рушди соҳаи пахтакории ноҳия гузоранд. Масъулон изҳори умед карданд, ки ин мавсим барои деҳқонон сермаҳсул хоҳад буд ва бо натиҷаҳои назаррас анҷом хоҳад ёфт.