Бозкушоии гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

13 марти соли 2025 бо ҳарфҳои заррин дар таърихи дӯстии мардуми тоҷику қирғиз сабт хоҳад шуд. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Мардуми ду кишвар дубора дарҳоро ба рӯи якдигар боз карданд, риштаҳои деринаи ҳамсоядориро мустаҳкам намуданд ва роҳи навро ба сӯи ҳамкориҳои васеъ кушоданд.

Ин рӯйдоди таърихӣ дар фазои дустӣ дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон-Қизил-Бел" ва гузаргоҳи сарҳадии "Маданият-Қайрағоч" доир шуд, ки дар он роҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд – Раҷаббой Аҳмадзода ва Айбек Шаменов, инчунин раисони ноҳияҳои ҳаммарз иштирок намуданд. 

Роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз пас аз бозкушоии гузаргоҳҳо ба хаймаҳои идонаи ду тараф ташриф оварда, бо мардум суҳбатҳо анҷом доданд ва дар барномаи муштараки фарҳангӣ ширкат варзиданд.

Мавқеи дӯстона ва иродаи қавии раҳбарони олии ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳо имконият фароҳам овард, ки гузаргоҳҳои марзӣ расман боз шаванд.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо, мисраҳои пурарзиши Устод Рӯдакӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ вирди забонҳо шуд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Суханони ин нобиғаи адабиёти тоҷик ҳамон эҳсосеро ифода мекард, ки дар чеҳраи иштирокдорони маросим ҳувайдо буд: шодии дӯстони дерина аз кушодашавии сарҳад, эҳсоси умед ба ояндаи равшан ва итминони комил ба он ки дӯстиву ҳамкории ду миллат дигарбора рушд хоҳад кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки ин рӯйдод рамзи эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва талоши муштарак барои сулҳу шукуфоист. Ӯ зикр кард, ки бозкушоии гузаргоҳҳо натанҳо робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро тақвият мебахшад, балки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироии фарҳангии ду халқ заминаи устувор мегузорад.

Ба гуфтаи ӯ, талошҳои пайвастаи роҳбарони ҳар ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров натиҷаҳои назаррас дода, барои ҳамкориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои муҳиму муштарак заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар баробари ин, Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки вилоятҳои ҳаммарз бояд аз имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва фарҳанг пурра истифода баранд ва робитаҳои худро дар ҳамаи самтҳо тавсеа бахшанд.

Ин мулоқоти таърихӣ, ки бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб сурат гирифт, ҳамчун қадами нав ва устувор дар роҳи таҳкими равобити Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ шуд. Иштирокдорон изҳори умед карданд, ки ин ибтикор дар оянда ба ҳамкориҳои бештар мусоидат намуда, дӯстии мардумони ду кишварро ба сатҳи нав мебарад.

Воқеан ҳам 13 марти 2025 на танҳо як санаи тақвимӣ, балки оғози марҳилаи нав дар таърихи ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳост – марҳилае, ки бо ҳамбастагӣ, эҳтироми тарафайн ва умеди муштарак ба ояндаи дурахшон тавсиф мешавад.

 

Музаффар Юнусов,

Андар Раҳмонӣ