Бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки роҳбарони мақомоти давлатӣ, ҷавонон ва варзишгарон маросими гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи «Дуои модар» баргузор гардид. Дар ин бора аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят хабар доданд.
Дар чорабинӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр Хусейн иштирок карданд.
Ҷамъомадагон бо эҳтиром ва самимият ба зан -модар дар пояи муҷассама гулҳои тару тоза гузошта, аз нақши бузурги модарон дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа ёдоварӣ карданд. Дар чорабинӣ ҷавонон, варзишгарон ва волонтёрон низ фаъолона иштирок намуда, бо шиору овезаҳо ва суханони самимии худ арҷгузории хешро ба модарон иброз доштанд.
Ин тадбир нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳои модарон мебошад.