Даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор шуд. 

Озмуни вилоятӣ бо ширкати ғолибони даври аввал аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашта, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо маҳорати худро нишон доданд.

Масъулин таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва ҳайати ҳакамони озмун ба маҳорати иштирокчиён баҳои арзанда доданд.

Дар натиҷа, беҳтарин иштирокчиён бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.