Терроризм ва экстремизм на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба омӯзиши «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мамлакатҳои ҷаҳон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои қатъӣ андешанд, қонунгузории худро пурзӯр намоянд ва барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба санадҳои қонунгузорӣ, фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад, маъруза намуданд. Таъкид гардид, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расид, ки он мақсад, вазифа ва самтҳои асосии мубориза бо экстремизм ва терроризмро муайян намуда, механизми амалишавии онро пешбинӣ мекунад.
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки бояд барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи интернет назорат ва аз мутолиаю паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ низ худдорӣ карда шавад.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки мубориза бо экстремизм ва терроризм вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа буда, мутобиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот тақвият дода шавад.
Иштиродорони хамоиш зарурати ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.